31-уми август -- рӯзи Иди Рамазон

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, 31-уми августро рӯзи Иди Рамазон ё Иди Фитр таъйин кардааст.

Масъулони ин Шӯро мегӯянд, ки соати 8-и субҳи рӯзи 31-уми август дар ҳама масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон намози ид хонда хоҳад шуд. Ин ниҳод фитри рӯзаро чаҳор сомонӣ (баробар ба нархи 1 килову 622 грам гандум) ба сари ҳар як нафар муқаррар кардааст, ки он пеш аз хондани намози ид ба дармондагону бечорагон дода хоҳад шуд.

Ҳадди нисоб барои пардохти закот 14,5 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки аз он бояд 366 сомонӣ пардохта бишавад. Рӯзи Иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст.