Садҳо чирикӣ дирӯз вориди пойгоҳи низомии бузургтарини режими Муаммар Қаззофӣ дар минтақаи Бобулазизияи Троблус – пойтахти Либия шуданд. Аҳмад Умар Банӣ, сухангӯи Шӯрои миллии гузор – ниҳоди олии чирикиҳо – гуфт, бо тасарруфи Бобулазизия тамоми пойтахти Либия таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Куҷо шудани худи Қаззофӣ ҳанӯз маълум нест, вале НАТО дирӯз бо дарназардошти пешрафти чирикиҳои Либия гуфт, суқути режими Қаззофӣ дигар масъалаи фақат вақт аст.