Бар асари як тасодуф дар корхонаи пӯсти Душанбе 6 коргар ҳалок шудаанд. Мақомоти кумитаи ҳолоти изтирорӣ гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир ду фарзия – аз танаффуси дуд ё маводи кимиёӣ – ҳалок шудани коргарони ширкати “Кӯҳандиз” таҳқиқ мешавад. Гуфта мешавад, додситонӣ дар қиболи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард. Таҳқиқи қазия аз сӯи мақомот алакай шурӯъ шудааст.Ҳа