Оғози муҳокимаи 12 муттаҳам ба тундгароӣ дар Ӯзбакистон

Дар шаҳри Тошканд муҳокимаи додгоҳии 12 нафари муттаҳам ба тундгароии мазҳабӣ оғоз ёфт, ки чанде пеш аз Қазоқистон ба Ӯзбакистон истирдод шуданд. Ба гузориши бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, додгоҳи вилояти Сирдарё ду нафар аз онҳоро ба солҳои тӯлонии 15 ва 19 сол маҳкум ба зиндон кард. Ин афрод аз гурӯҳи 29 нафарие буданд, ки дар Қазоқистон ҳаққи паноҳандагӣ мехостанд, вале бо вуҷуди эътирози ҳомиёни ҳуқуқ давлати Қазоқистон онҳоро бо талаби Ӯзбакистон ба Тошканд истирдод кард. Онҳо мегӯянд, танҳо ба хотири эътиқоди мазҳабиашон мавриди таъқиби мақомоти қарор гирифтаанд. Қарор аст, муҳокимаи 17 нафари боқимондаи онҳо ба зудӣ шурӯъ шавад.