Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ба пажӯҳиши байналмилалии мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия дастур дод. Шӯрои мазкур дар нишасти худ дар шаҳри Женева, бо тасвиби қатъномае, хост “ҳайъати таҳқиқотии байналмилалӣ ба хотири пажӯҳиши нақзи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон фавран ба Сурия фиристода шавад.“ Барои қабули қабули ин қатъномаи таҳияшуда аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва кишварҳои арабӣ 33 узви шӯро раъйи мувофиқ ва 9 кишвар раъйи мумтанеъ додаанд. Чину Русия қатъномаро якҷониба ва сиёсӣ хонда ба он мухолифат кардаанд.