НАТО мегӯяд, Троблус дар дасти шӯришиён аст

Бо вуҷуди гузоришҳои зиддунақиз аз Троблус, пойтахти Либия, мақомоти НАТО мегӯянд, ин шаҳр дар тассаруфи шӯришиён аст. Роланд Лавуа, сухангӯи НАТО, имрӯз ба телевизиони Би Би Си гуфт: "Бешак метавонем бигӯем, ки бахши аъзами Троблус дар тассаруфи нерӯҳои зидди Қаззофӣ аст. Аммо ёдамон наравад, ки мо дар марҳилаи муҳими гузор қарор дорем. Иттилоъоти зиёд ва аксаран зиддунақиз аз онҷо мерасад. Ҳарду тараф иддаъои пирӯзӣ мекунанд ва албатта иттилоъи возеҳ дар ин муноқиша кам аст." Пештар аз ин шӯришиёни Либия гуфтанд, ки дар мавқеъҳои худро дар Троблус мустаҳкам кардаанд, аммо нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ, гуфтанд, ки ба истилоҳ "камари шӯришиёнро шикастаанд."