Солрӯзи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Душанбе

Аъзамшоҳ Зиёев - танҳо фирории боздоштнашуда

Дуруст як сол қабл - шаби 23 августи соли 2010 - 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе фирор карданд. Аксари фирориҳо афроде буданд, ки дар иртикоби нооромиҳои тобистони соли 2009 дар ноҳияи Тавилдара маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда буданд. То имрӯз аз ҷамъи фирориён танҳо Аъзамшоҳ Зиёев – бародари фармондеҳи собиқи мухолифин Мирзо Зиёев – дар ҳоли фирор боқӣ монда, 16 нафар дубора боздошт ва 8 тан кушта шудаанд. Фирори бесобиқаи ин 25 маҳбус дар як соли пеш мунҷар ба барканории вазири вақти амният Хайриддин Абдураҳимов ва 4 муовини ӯ аз мақом шуд.