Шаҳрдори шаҳраки муқаддаси русҳо кушта шуд

Евгений Душко

Евгений Душко-раиси шаҳраки Сергеев Посади Русия имрӯз дар тирандозие кушта шуд. Ин шаҳракро зоирони мазҳабӣ ва сайёҳон ҳамеша зиёрат мекунанд. Душко аз захми тир ба сар ва сандуқи синааш даргузашт. Вай эълон карда буд, ки ба муҷозот кашондани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор дар шаҳраки Сергеев Посад аз барномаҳои аввалияи шаҳрдорӣ ба шумор меравад. Ин шаҳрак дар 70 километрии шимоли шарқи Маскав ҷой гирифтааст ва шаҳраки муқаддаси масеҳиюни ортодокс ба шумор меравад.