“Азия-Плюс” хабар медиҳад, ки додгоҳи вилояти Суғд Икром Ортиқов-сокини 36 солаи шаҳри Табошарро барои куштори бародари худ 19 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Бино ба гуфтаи Ҷӯрабек Шеров-қозии додгоҳ, 12 апрел Икром ба хона бармегардад ва мебинад, ки бародараш Илҳом дар ҳолати мастӣ бо падари маълулаш ҷанҷол мекунад. Вале Илҳом ба ғазаб омадааст ва кордро ба даст гирифта, бо бародараш моҷаро кардааст. Ҳангоми ба ҳам дарафтодан бародари калонӣ кордро аз дасти бародари хурдӣ гирифтааст ва ду корд ба шикам ва чанд корди дигар ба тахтапушташ задааст.