Дар Универсиадаи XXVI тобистонаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Шэнжэни Чин ҷараён дорад, пас аз натиҷагирии 9 рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 124 медал (61 тилло, 35 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷойи аввал мебошад. Русия бо касби 110 медал (35+36+39) дар ҷойи дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо касби 72 медал (23+20+29) дар ҷойи севум қарор қоранд. Ҷопон бо касби 83 медал (22+26+35) ҷойи чаҳорум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 46 медал (17+20+9) дар ҷойи севум мебошанд. Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 23-юми август ба анҷом мерасад.