Имрӯз мақомоти низомии Исроил гуфтанд, ки қаламравҳои ҷанубии кишварашон дар давоми шаби гузашта аз мушакбории нируҳои Ҳамос дар Борикаи Ғазза осеб дидааст. Ба гуфтаи полис, дар ин мушакбориҳо касе осеб надидааст ва дар посух Исроил аз ҳаво ба Ғазза чанд зарбаи ҳавоӣ задааст. Бори ахир хушунатҳо бо ҳамла ба Исроил дар марзи миёни Мисру Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 8 исроилӣ кушта шуд ва Исроил шӯришиёни Ғаззаро дар ин ҳамла муттаҳам кард.