Тазоҳурот дар баробари сафорати Исроил дар Қоҳира

Тазоҳуркунандагони мисрӣ ба нишони эътироз аз кушта шудани панҷ маъмури амниятии Миср дар марз бо Исроил дар баробари сафорати Исроил дар Қоҳира дар ҳоле ҷамъ омаданд, ки бино бар хабарҳо мумкин аст, Миср дар авҷи ташаннуҷи равобиташ сафири худро аз Исроил фаро хонад. Телевизиони Миср гуфт, сафир фаро хонда мешавад, вале ин хабар расман таъйид нашудааст ва Исроил мегӯяд, чунин эъломияе нагирифтааст. Ҳамчунин имрӯз Миср аз ваъдаи Исроил дар таҳқиқи муштараки марги панҷ маъмури амниятияш дар марзи ду кишвар истиқбол кард, аммо инро нокофӣ донист. Панҷ полиси мисрӣ аз тарафи нерӯҳои исроилӣ дар амалиёти зидди мусаллаҳоне кушта шуданд, ки дар дохили Исроил ҳашт нафарро ба ҳалокат расонданд. Куштори маъмурони амниятии Миср тазоҳуроти хашмолудеро дар баробари сафорати Исроил дар Қоҳира ангезиш дод. Рӯзи шанбе ҳукумати Миср гуфт, сафири кишвар дар Исроилро фаро хоҳад хонд.