Ноиб-президенти Федерасиюни футболи Тоҷикистон, писари раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон – Рустами Эмомалӣ, масъули асосии дастаи мунтахаби милли Тоҷикистон ва сармураббии дастаи "Истиқлол" Олимҷон Рафиков иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста таъин шудаанд. Бино бар хабари торнамои дастаи футболи “Истиқлол” Рустами Эмомалӣ гуфтааст, дастаи миллӣ дар даври савуми дарёфти роҳхат ба сабқати ҷаҳонии соли 2014 дар минтақаи Осиё бо дастаҳои қавие монанди Ҷопон ва Кореяи Шимолӣ ва Узбакистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Нахустин бозӣ рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода бо дастаи миллии Узбакистон баргузор мегардад. Ҷаноби Эмомалӣ аз мухлисони футбол хостааст, аз дастаи миллӣ пуштибонӣ кунанд. Баъд аз ду бохт бо Сурия дастаи Тоҷикистон дар ҳоле ба бозиҳои интихобӣ баргашт, ки Федерасюнин байнулмилалии футбол Сурияро барои нақзи қоидаҳои бозӣ аз сабқат хориҷ кард.