Зарбаи Туркия ба 85 мавзеи шӯришиёни курд дар Ироқ

Ҳарбиёни Туркия мегӯянд, ҳавопаймоҳои ин кишвар дар ду ҳамла дар қаламрави Ироқ 85 ҳадафи марбут ба шӯришиёни курдро бомбаборон кардаанд. Дар изҳорот шумори талафоти ҷонӣ зикр нашудааст. Туркия ҳамла ба мавзеъҳои шӯриёни курд дар Ироқро пас аз як сол дар ҳоле аз сар гирифт, ки бар асари ҳамлаи курдҳо дар ҷанубушарқи Туркия нӯҳ маъмури амниятии турк кушта шуданд.