Созмонҳои ғайридавлатии Афғонистон ва Тоҷикистон мехоҳанд, ба одамрабоӣ дар марзи байни ду кишвар хотима гузошта шавад. Қарор аст, барои тарҳрезии барномаи муштарак дар ин ришта, намояндагони созмони “АБО”-и Афғонистон бо даъвати бунёди “Наҷоти кӯдак”-и Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оранд. Ин нахустин таҷрибаи ҳамкории Созмонҳои ғайридавлатии Афғонистон ва Тоҷикистон дар муқобили одамрабоӣ дар Тоҷикистон аз тарафи қочоқбарони афғон аст. Дар ним соли гузашта ба камияш 7 нафар аз Тоҷикистон ба асорати қочоқбарон афтода, бархе дар ивази маблағ ва бархи дигар бо фишори мақомоти ду кишвар озод гаштаанд.