Баҳои Амрико ба стротежии зиддитерористии Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, нооромиҳо дар водии Рашт заъфи давлати Тоҷикистон дар иҷрои амалиёти зиддитеррористӣ ва стротежии ҳукумат дар муқобила бо терроризмро ошкор кард. Дар гузориши солона доир ба тероризм дар ҷаҳон, ки вазорати умури хориҷаи Амрико нашр кард, ҳамчунин гуфта мешавад, ҷанг бо тундравон дар водии Рашт нишон дод, ки Тоҷикистон дар баробари шӯришҳои террористони тамриндида ва сарсупурда осебпазир аст. Дар ин гузориш омадааст, нотавонии ҳукумати Тоҷикистон дар посбонии муносиби марз бо Афғонистон ва вокуниши номуаасир алайҳи нерӯҳои зиддидавлатӣ душманони дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро ҷасур кардааст. Соли гузашта гурӯҳи тундравони исломӣ дар водии Рашт, аз ҷумла дар як ҳамла 25 сарбози тоҷикро куштанд.