Бомбгузории хунин дар як масҷиди Покистон

Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари инфиҷори бомб зимни намози ҷумъа дар як масҷиде дар шимолуғарби Покистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуд. Ба гуфтаи мақомот ҳамларо як маргталаб анҷом додааст. Таркиш дар масҷиди шаҳри Ҷамруд, маркази маъмурии вилояти Хайбар, ба вуқӯъ пайвастааст, ки садҳо нафар барои намозгузорӣ ҷамъ омада буданд. Фозил Хон як мақоми расмии маҳаллӣ гуфт, дар ин ҳамла дасти кам 40 нафар кушта ва 85 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.