Низомиёни Исроил ба ҳадафҳое дар Борикаи Ғазза зарбаҳои ҳавоӣ заданд. Ин амалиёти ҳавоӣ баъд аз он анҷом гирифт, ки мардони мусаллаҳ дар ҷануби Исроил дар ҳамлае 8 нафарро куштанд ва беш аз 25 нафари дигарро захмӣ карданд. Ин ҳамларо тундгароҳо рӯзи панҷшанбе дар соҳили Баҳри Сурх дар осоишгоҳи Эйлот анҷом доданд ва онро Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарони СММ маҳкум карданд. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки баъдтар 7 марди мусаллаҳи тундрав кушта шудаанд.