Шоҳидон узвияти Усмонов дар Ҳизбуттаҳрирро рад карданд

Урунбой Усмонов ва вакили дифоъ Абдуқаюм Юсуфӣ

Дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи парвандаи ҷиноии хабарнигори бахши ӯзбакии Би-Би-Си Урунбой Усмонов идома кард.

Ба иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, шоҳидон, аз ҷумла, чаҳор нафаре, ки ҳамроҳ бо Усмонов аз рӯи як парванда муҳокима мешаванд, узвияти хабарнигор дар Ҳизбуттаҳрирро рад карда гуфтанд, ки дар бораи аз сӯи ӯ тарғибу ташвиқ шудани ғояҳои ин ҳизби мамнӯъ чизе нашунидаанд. Ду рӯз пеш онҳо - Абдунабӣ Абдулқодиров, Яҳёхон Раҳмонхуҷаев, Талъат Мавлонов ва Иброҳимбек Маҳмудов иқрор карда буданд, ки узви Ҳизбуттаҳриранд.

Урунбой Усмонов дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ ҳар ду иттиҳом - узвият дар Ҳизбуттаҳрир ва пинҳон нигаҳ доштани ҷиноятро рад карда буд.

Хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Си 13 июн боздошт ва баъд аз як моҳ шартан аз маҳбас раҳо шуда буд. Боздошти ӯ вокунишҳои манфиии созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳуқуқи башар ва дипломатҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба бор оварда буд.

Мурофиаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 23 август дар бинои додгоҳи вилояти Суғд баргузор мешавад.