Бар асари таркиши бомби рӯи раҳ дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон, дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд.
Қурбониёни ҳодиса савори автобуси хурде буданд, ки сӯи пойтахт шаҳри Ҳирот ҳаракат мекард. Дар инфиҷор чанд зану кӯдак ҳам кушта шудаанд.
Масъулияти таркишро толибон бар дӯш гирифтанд.
Имрӯз ҳамчунин дар вилояти Пактиё, воқеъ дар шарқи Афғонистон, як маргталаб мошини боркаши ҳомили маводи таркандаро дар канори пойгоҳи низомии амрикоӣ инфиҷор кард. Теъдоди осебдидагон дар ин ҳамлаи террористӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст.