Ҳавопаймоҳои Туркия ба пойгоҳҳои Пи Кей Кей ҳамла бурданд

Бино ба гузоришҳо, низомиёни Туркия бар зидди шӯришиёни курд дар шимоли Ироқ ҳамлаи ҳавоиро оғоз кардаанд. Дар гузоришҳо омадааст, ки шӯришиёни курд дар ҳамлае аз камин 8 сарбози артиши Туркия ва як посбони деҳро ба қатл расондаанд. Ҳавопаймоҳои Туркия дар кӯҳистонҳои Қандил дар шимоли Ироқ пойгоҳҳои шӯришиёни курд аз Ҳизби Коргари Курдистон ё Пи Кей Кей-ро ҳадаф қарор додаанд.