Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, гурӯҳе аз кормандони намояндагиаш дар Сурияро, ки ҳузурашон ҳатмӣ нест, аз Димишқ хориҷ кардааст. Майкл Вилямс, раҳбари намояндагӣ дар баёнияе гуфт, 26 корманди созмон бо хонаводаҳошон Димишқро тарк кардаанд. Нигаронии Созмони Милал аз вазъ дар Сурия аст, ки давлати ин кишвар ҳамчунон ба саркӯби тазоҳургарон идома медиҳад. Майкл Вилямс гуфт, аз авзоъ дар шаҳри соҳилии Лозиқия бисёр нигарон аст, ки дар онҷо ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, нерӯҳои амниятӣ 36 нафарро куштаанд. Аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ алайҳи давлати раиси ҷумҳур Башшор Асад дар моҳи март, то кунун бештар аз 1700 нафар ҷон додаанд.