Вазорати дифоъи Туркия мегӯяд, ҷудоихоҳони курд бо як ҳамлаи ғофилгирона дар вилояти ҷанубушарқи Ҳаккарӣ, 7 сарбози туркро куштанд. Исмат Йилмаз, вазири дифоъи Туркия, гуфт, “ҷудоихоҳон сабри мақомот”-ро месанҷанд ва мақомот ба ҳамон навъ ниқор хоҳанд гирифт. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ки ба марзи Ироқ наздик аст, нерӯҳои Туркия билофосила баъди ҳамла ба амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони курд шурӯъ кардаанд. Дар ҷанги ҷудоихоҳони курд ва Туркия аз соли 1984 то кунун 45 ҳазор нафар кушта шудаанд.