Обама аз таҳдиди террористони яккадаст сухан гуфт

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бадтарин таҳдиди террористӣ ба амнияти кишвараш ҳоло террористони яккадаст ва ё ба гуфтаи ӯ “гургони танҳое” ба мисли қотили 77 нафар дар Норвегия аст, на ҳамлаҳои васеъмиқёси террористӣ, ки созмонҳои террористӣ тарҳрезӣ мекунанд. Барак Обама дар мусоҳиба бо телевизиони Си Эн Эн гуфт, “фарди оганда ба идеологияи нафрат”, қодир ба задани садамаи бисёр зиёд аст ва сахттар аз ин радёбии чунин афрод аз тарафи мақомот мебошад. Дар Норвегия моҳи гузашта, як ҷавони 32-сола бо бомбгузорӣ ва тирандозӣ 77 нафарро кушт. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, дар як даҳсолаи гузашта дар заъиф кардани Ал-Қоида масъули ҳамлаҳои 11 сентябри 2001 , ба “пешрафти фавқуллодае” ноил шудаанд.