Дар бозори Урузгон 7 нафар кушта шуданд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар вилояти Урузгони ин кишвар дар натиҷаи инфиҷори як мототсикли бамгузоришуда дар бозор дастикам 7 нафар кушта шудаанд. Ҳашт нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Хон Оқо Мияҳхел-раиси бахши беҳдошти вилояти Урузгон маълумот дар бораи шумораи афроди кушташударо таҳия кардааст. Вале дар бораи ҷузъиёти дигари ин ҳамлаи террористӣ маълумот дода нашудааст.