Як фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон барои чопи мақолае дар бораи истифода аз кортҳои бонкӣ боздошт шудааст.
Ҳукумати Узбакистон аз шаҳрвандони кишвар тақозо кардааст, ки барои гирифтани пули нақд ва ё хариди молу коло аз мағозаҳо корти плостикии бонкҳои давлатиро истифода кунанд.
Саида Қурбонова, фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ӯро барои ин мақола ба дафтари пулиси ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах даъват кардаанд. Вай ҳамзамон ёдоварӣ мекунад, ки чӣ тавр афсарони пулис, аз
ҷумла муовини раиси пӯлиси ноҳия ӯро аз зинаҳо маҷбуран ба боло мекашидаанд. Баъд аз чанд соати бозпурсӣ ӯро раҳо кардаанд.
Яке аз кормандони пулиси ноҳияи Пахтакор, ки нахост худро муаррифӣ кунад, изҳор дошт, ки бар зидди Саида Қурбонова аз зӯр истифода нашудааст.
Пулис ба Қурбонова гуфтааст, ки вайро барои мақолаи “тӯҳматангез” ба додгоҳ мекашанд. Мақолае, ки моҳи март дар бораи мушкилиҳои мардум дар истифодаи кортҳои бонкӣ ба нашр расонда буд.
Ба гуфтаи пулис, яке аз заноне, ки дар мақола аз вай ном бурда мешавад, бар зидди Қурбонова 4-уми август шикоят бурдааст ва гуфтааст, суханони навишта дар мақоларо рад мекунад. Дар Узбакистон бисёриҳо аз тарзи истифодаи кортҳои плостикии бонкӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки дар ҳамаи фурӯшгоҳҳо таҷҳизоти истифода аз ин кортҳо вуҷуд надорад.
Вале дар ҷойҳое, ки ин кортҳо истифода мешавад, барои истифода аз хадамоти он нарх то 20-30 дарсад боло меравад, ки харидорон аз ин ҳол баъди чанд муддати харидашон огаҳ мешаванд.
Саида Қурбонова, раиси бахши созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башари ноҳияи Пахтакор буда, дар яке аз воҳидҳои кишоварзии ин ноҳия кор мекард. Моҳи майи соли 2007 Эргаш Солиев, раиси ин воҳиди кишоварзӣ ӯро аз кор ронд ва гуфт, ки Қурбонова “хоини ватан” аст.
Саида Қурбонова, фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ӯро барои ин мақола ба дафтари пулиси ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах даъват кардаанд. Вай ҳамзамон ёдоварӣ мекунад, ки чӣ тавр афсарони пулис, аз
Дар Узбакистон бисёриҳо аз тарзи истифодаи кортҳои плостикии бонкӣ шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки дар ҳамаи фурӯшгоҳҳо таҷҳизоти истифода аз ин кортҳо вуҷуд надорад...