Аз оташи нируҳои Сурия паноҳҷӯён фирор кардаанд

СММ мегӯяд, ҳазорон нафар паноҳҷӯёни фаластинӣ дар паи тирандозиҳои нируҳои ҳукуматии Сурия аз урдугоҳи паноҳҷӯён дар бандари Латакия фирор кардаанд. Крис Гуннесс-сухангӯи ожонси кӯмаки СММ гуфт, ки аз 10 000 нафар паноҳҷӯёни ин урдугоҳ беш аз 5000 онҳо фирор кардаанд. Ба гуфтаи вай, дастикам 4 нафар дар тирандозиҳо кушта шудаанд. Сухангӯи СММ дархост кардааст, ки ҳар чӣ зудтар ба ин урдугоҳ ёрӣ расонанд. Аз сокинони худи Латакия аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ аз замони оғози тирандозиҳо 27 нафар кушта шудаанд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, дар давоми шаш моҳи нооромиҳо дар Сурия 1 700 нафар ба қатл расидаанд.