Боку ангушт ба сӯи Ройзании Эрон баланд мекунад

Раиси ҳизби исломии Озарбойҷон Мавсум Самадов

Сафорати Эрон дар Боку аз ҳар навъ ташреҳи иддаои мақомоти Озарбойҷон, ки мегӯянд, як гурӯҳи исломгароёни ҳафтае пеш боздоштшуда аз Ройзании фарҳангии Эрон кумак мегирифт, худдорӣ мекунад. Додгоҳи Боку рӯзи шанбе замони боздошти 3 узви ҳизби мамнӯъи исломии Озарбойҷонро то 2 моҳ тамдид кард. Ин 3 тан – муовини раиси ҳизб Ориф Ғаниев, узви ҳизби исломӣ Абдул Сулаймонов ва сардабири як сомонаи исломӣ Ромин Байрамов рӯзи панҷшанбе бо иттиҳоми нигаҳдории силоҳу маводи мухаддир боздошт шуданд. Мақомот онҳоро ба “аъмоли душманона алайҳи Озарбойҷон” низ айбдор мекунанд ва вазорати амният гуфтааст, ки Сулаймонов бо кумаки Ройзании фарҳангии Эрон гурӯҳи исломиеро бо номи “Ҷаъфарӣ” созмон дод, ки ба таблиғи ақидаҳои тунди мазҳабӣ ва тавзеъи шабномаҳои “душманона алайҳи мазоҳиби дигар” машғул буд. Мурофbаи раиси ҳизби исломии Озарбойҷон Мавсум Самадов ва 6 узви дигари ин ҳизб бо иттиҳоми қасди кудато низ аз 4 август идома дорад.