Ҳотамбоев низ ба интихобот хоҳад рафт

Алмос Ҳотамбоев

Сарвазири Қирғизистон Алмос Ҳотамбоев азмаш барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 30 октябрро эълон кард.
Ҳотамбоев дар анҷумани ҳизби сотсиал-демократаш гуфт, дар ин вазъи печидаи сиёсиву иқтисодӣ нирӯҳое дар дохил ва хориҷи Қирғизистон ҳавои чанд пора кардани ин кишварро дар сар доранд ва ӯ мехоҳад ҳамчун президент якпорчагӣ ва истиқлоли Қирғизистонро ҳифз кунад. То кунун 70 нафар аз пешбарии номзадии худ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон дарак додаанд. Сабти номзадҳо то 25 сентябр идома хоҳад ёфт.