Дархости Муаммар Қаззофӣ аз пайравони худ дар Либия

Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия дар як паёми садоӣ аз пайравони худ хост, ки ба “муборизаи озодсозӣ”-и шаҳракҳои Либия омода шаванд. Ин паёми садоии вай аз тариқи телевизион пахш шуд. Ҳамзамон шӯришиён гуфтаанд, ки онҳо ду шаҳраки стротегиро, ки дастрасӣ ба контроли Троблусро фароҳам мекунад, ба назорати худ даровардаанд. Яке аз ин шаҳракҳо дар 50 километрии ҷануби ғарби Троблус ва дигарӣ дар 80 киломерии ғарби Троблус қарор доранд. Ҷумъа Иброҳим-сухангӯи шӯришиён дар кӯҳистонҳои ғарбӣ мегӯяд, размандагони вай дар ҳоли пешрафт ба сӯи роҳи аслии Троблус мебошанд ва метавонанд ин роҳро бибанданд, роҳеро, ки таъминоти Троблус-пойтахти Либия аз ин тариқ мерасад.