Силвио Берлусконӣ-нахуствазири Италия муҳтавиёти аслии барномаи парҳезкоронаи ба тасвибрасидаи ҳукумати худро ба Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса тавзеҳ дод. Италия севумин кишвари бузурги Иттиҳодияи Аврупост ва тибқи ин барнома мехоҳад бо бӯҳрони қарз мубориза кунад. Ин барномаро Италия 12 август ба тасвиб расонд ва қарор аст он то соли 2013 тавозуни будҷаро барқарор кунад. Ҳамзамон Сусана Камуссо-раиси бузугтарин иттиҳодияи Италия, яъне иттиҳодияи коргарӣ таҳдид кардааст, ки бар зидди ин барнома эътироз мекунанд. Тибқи барномаи парҳез ҷойҳои корӣ ихтисор мешавад, масорифи иҷтимоӣ коҳиш меёбад ва молиёт боло меравад.