Полиси Норвегия мегӯяд, Андерс Беринг Брейвик-шахси гумонбар ба терроризм вақте, ки бори дигар аз урдугоҳи ҷавонони Ҳизби Коргари Норвегия дар ҷазираи Утоя боздид кард, ҳеҷ гуна нишонаи “пушаймонӣ” нишон надод. Вай эътироф кардааст, ки дар ин урдугоҳ 22 июли соли ҷорӣ 69 нафарро тирборон кардааст. Брейвик 32 сол дорад. Вай ҳангоми боздиди такрорӣ аз ин ҷазира, ки ҷараёни он ба навор гирифта шудааст, нишон медиҳад, ки чӣ гуна ба оби баҳр тир холӣ кардааст ва ҷавононро ба даҳшат овардааст, то онҳо барои наҷот худро ба об андозанд. Полис гуфтааст, Брейвик дар ҷараёни боздиди 8 соатаи худ аз ҷазираи Утоя “ором” будааст ва “корнамоӣ”-и худро бо ҷузъиёт ҳикоят кардааст. Ба ҷуз аз тирандозӣ дар ҷазира вай эътироф кардааст, ки дар Осло дар назди бинои ҳукумат низ бамгузорӣ кардааст ва дар он 8 нафар кушта шудааст.