Ошӯбгарон Аз-Зовияро таҳти назорат қарор доданд

Ошӯбгарони Либия изҳор намуданд, ки шаҳри Аз-Зовия, воқеъ дар 50 километрии пойтахт - Триполиро таҳти назорат қарор доданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз дар шаҳр гурӯҳҳое аз нерӯҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, мерганҳо боқӣ мондаанд.

Хабаргузории Рейтер иттилоъ додааст, ки дар шаҳр гоҳ-гоҳ садои тирпарронӣ ба гӯш мерасад ва аммо даргириҳо қатъ шудаанд.

Шоми дирӯз намояндаи ҳайати фармондеҳии мухолифини ҳукумат Ғома Иброҳим гуфта буд, ки бахши аъзами шаҳри Аз-Зовия таҳти назорати ошӯбгарон аст ва аммо манобеъи ҳукумати Либия инро рад карда буданд.

Бори аввал хатти ҷабҳа дар минтақаи наздик ба пойтахти Либия мегузарад.
Даргириҳо миёни нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон аз моҳи феврал ба ин сӯ идома доранд.