Низомиёни Сурия Латакиёро аз баҳр тирборон карданд

Имрӯз низомиёни Сурия ду минтақаи сераҳолии шаҳри Латакиё, воқеъ дар соҳили баҳри Миёназаминро, тирборон карданд.

Гуфта мешавад, ки тирпарронӣ, аз ҷумла, аз киштиҳо дар бандари шаҳр сурат гирифтааст. Дар шаҳри Латакиё ду рӯз боз амалиёти низомӣ ба хотири саркӯбсозии намоишҳои зиддиҳукуматӣ идома дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия бо такя ба шоҳидони ҳодиса хабар доданд, ки бар асари тирандозии ахир дар Латакиё аз 4 то 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар хиёбонҳои шаҳр тонкҳову зиреҳпӯшҳо боқӣ мемонанд.