Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба муассисаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла, қароргоҳи волии вилояти Парвони Афғонистон дасти кам 16 нафар кушта ва тақрибан 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ҳамла ба шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон, ки тақрибан дар 60 километрии Кобул воқеъ аст, чанд маргталаб ҳам ширкат доштанд. Хабаргузории Рейтер бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон навиштааст, ки дар шаҳр панҷ таркиши мудҳиш ба амал омад ва ба думболи он тирпарронӣ сурат гирифт. Волии Парвон Абдул Басири Солангӣ дар бораи шаш маргталаб хабар додааст. Ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки дар қароргоҳи волӣ нишасти раҳбарони сохторҳои амниятӣ идома дошт.
Моҳҳои ахир Парвон яке аз вилоятҳои нисбатан амну ороми Афғонистон маҳсуб мешуд.