Раҳбари мухолифини Мянмар, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи бо вуҷуди таҳдиди ҳабс ба сафари якрӯзаи сиёсӣ иқдом кард.
Ӯ ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш аз шаҳри Ёнгун ба шаҳри Баго меравад. Ин нахустин гоми сиёсии раҳбари Мянмар аст, ки ҳукми ҳабси хонагии ӯ 13 ноябри соли гузашта лағв шуд, Хонум Су Чжи ҳафт сол таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.
Фаъолияти Лигаи миллӣ барои демократия, ки ба он Су Чжи сарварӣ мекунад, соли гузашта бо далели сарпечияш аз ширкат дар интихобот аз сӯи ҳукумат қатъ карда шуд.