Ду сокини Бирменгем дар куштор айбдор шуданд

Мақомоти полиси шаҳри Бирменгеми Бритониё ду гумонбарро дар куштори се кас ҳангоми бенизомиҳои чаҳор рӯзи пеш айбдор карданд. Ба иттилоъи Би-Би-Си, як марди 26-сола ва ҷавони 17-сола мавриди бозрасии додгоҳи Бирменгем қарор мегиранд.

То имрӯз дар Бритониё беш аз 2 ҳазор ширкаткунандагони бенизомиҳо боздошт шуданд. Садҳо нафар дар ғорату оташзанӣ ва авбошӣ айбдор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол вазири молияи Бритониё Ҷорҷ Озборн изҳор намуд, ки бо вуҷуди бенизомиҳои чанд рӯзи ахир ҳукумат барномаи ихтисори 30 ҳазор корманди полисро лағв карданӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти иҷтимоиро, ки боиси сар задани хушунат шудаанд, тавассути полис решакан кардан маҳол аст.

Полиси амрикоӣ Билл Брэттон, ки ахиран мушовири нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ таъин гардид, дирӯз гуфт, "бо боздошту ҳабс аз такрори бенизомиҳо наметавон ҷилавгирӣ кард".