Як амрикоиро дар Покистон рабудаанд

Дар Покистон як шаҳрванди Амрикоро аз хонааш дар шаҳри шарқии Лоҳур рабудаанд. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Исломобод гуфт, он фард, Воррен Вейнштейн, корманди ширкати як ширкати амрикоӣ будааст, ки дар тарҳҳои рушди манотиқи ноободи қабоилнишини Покистон кор мекард. Ба гуфтаи пулиси Покистон, одамрабоён соати 3:30 бомдод ба хонаи шаҳрванди Амрико ворид шуда ва ӯро бо худ бурдаанд.