Поёни норӯшани достони ҳамла ба вазорати Эстония

Пулиси Эстония мегӯяд, марди мусаллаҳе, ки вориди бинои вазорати дифоъ дар шаҳри Таллин шуд, ҳалок шудааст. Ба гуфтаи пулис, ӯ зимни вуруд ба бино тир андохта ва хостааст, гаравгон бигирад. Маълум нест, ки ин марди мусаллаҳ чӣ гуна ҳалок шудааст, ӯро куштаанд ва ё худкушӣ кардааст.