Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укроин даъватҳо барои бозбинии амри боздошти Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқро рад кард. Дар як баёнияи расмӣ, ӯ гуфтааст, “ӯ ҳаққи дахолат ба кори додгоҳҳоро надоранд ва ин корро ҳам нахоҳад кард.” Баёнияи мазкур посухе ба номаи Васлав Клаус, раиси ҷумҳурии Чех будаааст, ки аз Виктор Янукович, хостааст, ба ангезаҳои сиёсӣ дар додгоҳи Тимошенко роҳ надиҳад. Юлия Тимошенкоро, ки ба сӯистифода аз мақом муттаҳам мешавад, барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ боздошт карданд. Аммо хонум Тимошенко, мегӯяд, Виктор Янукович мехоҳад аз ин роҳ аз ӯ ниқор бигирад. Юлия Тимошенко дар интихоботи соли 2010 дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз Виктор Янукович шикаст хӯрд.