Ҳалокати 20 ҷангӣ дар Мироншоҳи Покистон

Акс аз бойгонӣ

Бино ба хабарҳо, имрӯз бар асари ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони шимолии Покистон дастикам 20 ҷангӣ, бо шумули ҷангиёни хориҷӣ кушта шудаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ду мушак ба қароргоҳе дар наздикии Мироншоҳ, шаҳри асосии ин минтақа асобат карда, бино ба хабарҳо, то 16 тан аз кушташудаҳо марбут ба гурӯҳи зиддиамрикоии Ҳаққонӣ будаанд. Гуфта мешавад, дар байни куштаҳо арабҳову узбакҳо ва толибҳои маҳаллӣ низ ҳастанд.