Даҳҳо нафар аз пайравони дини баҳоӣ дар Эрон барои бозпурсӣ ба Вазорати иттилооти ин кишвар даъват шуданд. Бино бар хабарҳо, мақомоти Эрон аз фаъолияти Донишкадаи таълими олии баҳоиҳо норозиянд ва мехоҳанд, ин ниҳод баста шавад. Донишкада дар соли 1987 барои он таъсис ёфт, ки ҷавонон аз хонаводаҳои баҳоӣ ба донишгоҳҳои Эрон роҳ дода намешаванд. Чанде аз баҳоиҳои боздоштшуда ба фаъолиятҳои зидди амнияти давлатии Эрон айбдор шуданд.