Бино бар тасдиқи додгоҳи Иёлоти Муттаҳида ду амрикоӢ, ки мегӯянд, мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, метавонанд, вазир пешини дифои Амрико, Доналд Рамсфелдро ба додгоҳ кашанд. Ду мард, Доналд Ванс ва Натан Эртелл, ки ҳангоми кор дар ширкатҳои хусусии амниятӣ бо иттиҳоми фаъолиятҳои ғайриқонунӣ аз тарафи ҳарбиёни Амрико боздошт шудаанд, ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ дар навбати худ дархости Рамсфелд ва ҳукумати Амрикоро ба лағви ин шикоят рад кард. Даъвогарон шикоят мекунанд, ки шиканҷаи онҳо бо дастури шахсии Расмфелд ба вуқӯъ пайвастааст., вале додгоҳ мегӯяд, ин иттиҳом бояд исбот шавад. Ин бори дувум аст, ки додгоҳҳои амрикоӣ шикоятҳои зидди Рамсфелдро аз шаҳрвандони амрикоӣ ба баррасӣ мегиранд.