Дар беназмиҳои Лондон як нафар даргузашт

Полиси Лондон мегӯяд, марде, ки се рӯз пеш дар ҷараёни тазоҳурот дар мошин ба сӯяш тир холӣ карда шуд, имрӯз дар бемористон даргузашт. Ин нахувстин фоҷеа дар ҷараёни беназмиҳои Британия аст, ки шаҳрҳои Британия Лондону Бирмингам, Бристол ва Ливерпулу Нотингамро фаро гирифтааст. Ин марди 29 соларо бо зарби тир дар ҷануби Лондон дар маҳаллае бо номи Кройдон пайдо карданд, дар маҳале, ки эътирозгарогон биноҳоро оташ заданд. Девид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, ҳукумати вай ҳар кори имкондоштаро анҷом медиҳад, то баъд аз беназмиҳо низом дар Британия барқарор шавад.

“Ин ҷиноят аст, тоза ва оддӣ ва бо он бояд муқовемат кард ва онро бартараф бояд сохт”.

Камерон гуфт, вай рӯзи панҷшанбе як рӯз ҷаласаи порламонро даъват кардааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар Лондон 450 нафар дар давоми се шаби беназмиҳо боздошт шудаанд.