Нахуствазир ҳали бӯҳрони Оқҷари Бишкекро тақозо кард

Алмазбек Атамбоев

Алмазбек Атамбоев-нахуствазири Қирғизистон ба мақомоти маҳаллӣ ду рӯз мӯҳлат додааст, ки мушкили сокинони як қисмати пойтахтро ҳал кунанд. Маҳаллаи зисти ин сокинон сабти ном нашудааст ва онҳо бар зидди мақомот даст ба эътироз заддаанд. Дастури нахуствазир дар ҳоле содир шудааст, ки тақрибан 200 нафар сокинони Оқҷар роҳи аслии мошинравро бастаанд ва аз мақомт хостаанд, ки ба ободии маҳаллаи онҳо таваҷҷуҳ кунанд ва онҳоро дар маҳали зисташон ба унвони сокин сабти ном кунанд. Чун фарзандони онҳо сабти ном нашудаанд, онҳо наметавонанд дар мактабҳои маҳали зисти худ ба таҳсил дароянд. Исо Омурқулов-шаҳрдори Бишкек субҳи имрӯз бо соқинони ин маҳалла мулоқот кард ва ваъда дод, ки маҳаллаи зисти онҳо чун қисмате аз шаҳри Бишкек ба таври расмӣ сабти ном мешавад ва ба шаҳрдорӣ медарояд.