Шаҳрванди Русияро дар Қирғизистон боздошт карданд

Як шаҳрванди Русия, ки дар пайгарди Хадамоти Амнияти Федеролии ин кишвар қарор дошт, дар Қирғизистон боздошт шудааст. Вайро барои ширкат дар терроризм муттаҳам медонанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба рӯзноманигорон гуфт, шахсе, ки ҳарфҳои аввали номаш А. А. С. мебошад, рӯзи душанбе дар деҳаи Лебединовка дар наздикии Бишкек боздошт шудааст. Вай зодаи Чеченистон аст ва дар он ҷо дар полис кор мекардааст. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ин мард барои даст доштан дар аъмоли террористӣ дар пайгарди ФСБ-и Русия қарор доштааст.