Кашфи захираи нави гази табиӣ дар Эрон

Вазорати нафти Эрон хабар дод, ки дар ин кишвар як захираи нави гази табиӣ кашф шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, дар ин кон наздик ба 495 миллиард метри мукааб газ ва 658 миллион бушка гази моеъ дарёфт шудааст. Ширкати миллии нафти Эрон мегӯяд, ин чоҳ дар наздикии Халиҷи Форс, дар 15-километрии ҷануби шаҳри бандарии Асалуйе воқеъ шудааст.