Афзоиши фишори кишварҳои арабӣ бар Сурия

Бо идомаи саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Сурия, Кувайт сафирашро аз он кишвар фаро хонд. Муҳаммадсалом ал-Сабоҳ, вазири умури хориҷаи Кувайт гуфт, сафирро имрӯз барои машварат фаро хонданд ва афзуд, “хунрезӣ дар Сурия барои касе қобили қабул нест.” Арабистони Саудӣ ҳам рӯзи якшанбе сафирашро аз Димишқ фаро хонд ва амалкардҳои Сурияро "ғайриқобилиқабул" хонд. Дар баёнияи Шоҳ Абдуллоҳ, ки дар телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ хонда шуд, омадааст: "Мақомоти Сурия қодиранд, ки ислоҳоти сареъ ва фарогир анҷом диҳанд. Ояндаи Сурия ба ду интихоб вобаста аст, яке интихоби иродаи худ ва ё фурӯ рафтан ба умқи бебандуборӣ ва талафот." Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, аз замони шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия сар аз моҳи март то кунун 1700 нафар кушта шудаанд.