Алӣ Акбар Солеҳӣ ба раҳоии амрикоиҳо хушбин аст

Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, изҳори умедворӣ намуд, ки дар фарҷоми мурофиаи додгоҳӣ амрикоиҳои боздоштшуда Шейн Бауэр ва Ҷон Фаттал озод хоҳанд шуд. Ӯ мушаххас нагуфтааст, ки додгоҳ амрикоиҳоро бояд озод кунад ваё онҳоро шартан муҷозот намояд.

Чанде пеш вакили дифоъи Бауэр ва Фаттал гуфта буд, ки мурофиаи додгоҳӣ бояд ба зудӣ баргузор шавад.

Се шаҳрванди Амрико ду сол пеш дар марзи Эрону Ироқ бо гумони ҷосусӣ боздошт шуда буданд. Яке аз онҳо Сара Шурд соли гузашта баъд аз пардохти гаравпулӣ маҳбаси Теҳронро тарк намуд. Ӯ аз бозгашт ба Эрон ба хотири ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ сарпечӣ кардааст.

Амрикоиҳо иттиҳоми ҷосусиро рад карда мегӯянд, ки ҳангоми сайри кӯҳистони Ироқ иштибоҳан вориди қаламрави Эрон шудаанд.

Вазорати умури хориҷии ИМА ва хонаводаҳои боздоштшудаҳо чандин бор аз мақомоти Эрон даъват намуданд, ки Бауэр ва Фатталро раҳо кунанд.