Ҳалокати 31 низомии амрикоӣ дар суқути чархболи НАТО

Карзай ба пайвандони қурбониён изҳори тасаллият кард

Бар асари суқути чархболи Паймони НАТО дар Афғонистон 31 низомии амрикоӣ ва 7 афғон ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилоъи дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон, Ҳомид Карзай ба раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ба пайвандони қурбониён изҳори тасаллият кардааст.

Дар даҳ соли ҷанг дар Афғонистон ин фоҷиабортарин ҳодиса барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ маҳсуб мешавад.

Низомиёни Паймони НАТО ҳам суқути чархбол дар вилояти Вардак, воқеъ дар ғарби Кобулро тайид карданд ва аммо дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодиса иттилоъ надодаанд.

Толибон изҳор намуданд, ки чархболро онҳо бо мушаки «замон-осмон» нобуд сохтаанд.

Дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон бошад, бар асари амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ ҳашт сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилоъи мақомоти полис, низомиёни хориҷӣ ҳадафи тирборон қарор гирифтанд ва бо дархости онҳо мавқеъи ҳамлагарон аз тариқи ҳавопаймо бамборон шуд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Низомиёни воломақоми НАТО гуфтанд, ки ин хабарро тафтиш мекунанд.